Хубрӯёни ҷафопеша вафо низ кунанд

250

Хубрӯёни ҷафопеша вафо низ кунанд,
Ба касон дард фиристанду даво низ кунанд.

Подшоҳони малоҳат чу ба нахҷир раванд,
Сайдро пой бибанданду раҳо низ кунанд.

Назаре кун ба мани хаста, ки арбоби карам
Ба заъифон назар аз баҳри Худо низ кунанд.

Ошиқонро зи бари хеш марон, то бар ту
Сару зар-ҳар ду фишонанду дуо низ кунанд.

Гар кунад майл ба хубон дили ман, айб макун,
К-ин гуноҳест, ки дар шаҳри шумо низ кунанд.

Бӯсае з-он даҳани танг бидеҳ ё бифурӯш,
К-ин матоъест, ки бахшанду баҳо низ кунанд.

Ту хитоибачаӣ, аз ту хато нест аҷаб,
К-он ки аз аҳли савобанд, хато низ кунанд.

Гар равад номи ман андар даҳанат, боке нест,
Подшоҳон ба ғалат ёди гадо низ кунанд.

Саъдиё, гар накунад ёди ту он моҳ, маранҷ,
Мо кӣ бошем, ки андешаи мо низ кунанд?!