Худоро, кам нишин бо хирқапӯшон

386

Худоро, кам нишин бо хирқапӯшон,
Рух аз риндони бесомон мапӯшон!

Дар ин хирқа басе олудагӣ ҳаст,
Хушо вақти қабои майфурӯшон!

Дар ин сӯфивашон дарде надидам,
Ки софӣ бод айши дурднӯшон!

Ту нозуктабъию тоқат наёрӣ
Гарониҳои мушти далқпӯшон.

Чу мастам кардаӣ, мастур маншин,
Чу нӯшам додаӣ, заҳрам манӯшон.

Биё в-аз ғабни ин солусиён бин
Суроҳӣ хундилу барбат хурӯшон.

Зи дилгармии Ҳофиз барҳазар бош,
Ки дорад синае чун деги ҷӯшон.