Худо чу сурати абрӯи дилкушои ту баст

32

Худо чу сурати абрӯи дилкушои ту баст,
Кушоди кори ман андар карашмаҳои ту баст.

Марову сарви чаманро ба хоки роҳ нишонд,
Замона то қасаби наргису қабои ту баст.

Зи кори мову дили ғунча сад гиреҳ бигшуд,
Насими гул чу дил андар пайи ҳавои ту баст.

Маро ба банди ту даврони чарх розӣ кард,
Вале чӣ суд, ки сарришта дар ризои ту баст.

Чу нофа бар дили мискини ман гиреҳ мафикан,
Ки аҳд бо сари зулфи гиреҳкушои ту баст.

Ту худ ҳаёти дигар будӣ, эй насими висол,
Хато нигар, ки дил уммед дар вафои ту баст.

Зи дасти ҷаври ту, гуфтам, зи шаҳр хоҳам рафт,
Ба ханда гуфт, ки – Ҳофиз, бирав, кӣ пои ту баст?