Хунук насими муанбаршамомаи дилхоҳ

416

Хунук насими муанбаршамомаи дилхоҳ,
Ки дар ҳавои ту бархост бомдоди пагоҳ.

Далели роҳ шав, эй тоири хуҷасталиқо,
Ки дида об шуд аз шавқи хоки он даргоҳ.

Ба ёди шахси низорам, ки ғарқи хуни дил аст,
Ҳилолро зи канори уфуқ кунед нигоҳ.

Манам, ки бе ту нафас мекашам, зиҳӣ хаҷлат,
Магар ту афв кунӣ, в-арна чист узри гуноҳ?!

Зи дӯстони ту омӯхт дар тариқат меҳр
Сапедадам, ки ҳаво чок зад шиъори сиёҳ.

Ба ишқи рӯйи ту рӯзе, ки аз ҷаҳон биравам,
Зи турбатам бидамад сурхгул ба ҷойи гиёҳ.

Мадеҳ ба хотири нозук маломат аз ман зуд,
Ки Ҳофизи ту худ ин лаҳза гуфт «Бисмиллоҳ».