Хунук он рӯз, ки дар пои ту ҷон андозам

399

Хунук1 он рӯз, ки дар пои ту ҷон андозам,
Ақл дар дамдамаи2 халқи ҷаҳон андозам.

Номаи ҳусни ту бар олиму ҷоҳил хонам,
Номат андар даҳани пиру ҷавон андозам.

То кай ин пардаи ҷонсӯз паси парда занам?
То кай ин новаки дилдӯз ниҳон андозам?

Дурднӯшони ғаматро чу шавад маҷлис гарм,
Хештанро ба туфайле ба миён андозам.

То на ҳар бехабаре васфи ҷамолат гӯяд,
Санги таъзими ту дар роҳи баён андозам.

Гар ба майдони муҳокои ту ҷавлон ёбам,
Гӯи дил дар хами чавгони забон андозам.

Гарданонро ба сарангушти қабулат раҳ нест,
Чу қалам ҳастии худро сар аз он андозам.

Ёди Саъдӣ куну ҷон додани муштоқон бин,
Ҳақ алим аст, ки лаббайкзанон андозам.


1 Хушо.
2 Макру фиреб.