Хуррам он буқъа, ки оромгаҳи ёр он ҷост

49

Хуррам он буқъа, ки оромгаҳи ёр он ҷост,
Роҳати ҷону шифои дили бемор он ҷост.

Ман дар ин ҷой ҳамин сурати беҷонаму бас,
Дилам он ҷост, ки он дилбари айёр он ҷост.

Танам ин ҷост сақиму1 дилам он ҷост муқим,
Фалак ин ҷост, вале кавкаби сайёр он ҷост.

Охир, эй боди сабо, бӯе агар меорӣ,
Сӯи Шероз гузар кун, ки маро ёр он ҷост.

Дарди дил пеши кӣ гӯям, ғами дил бо кӣ хурам?
Равам он ҷо, ки маро маҳрами асрор он ҷост.

Накунад майл дили ман ба тамошои чаман,
Ки тамошои дил он ҷост, ки дилдор он ҷост.

Саъдӣ, ин манзили вайрон чӣ кунӣ? Ҷои ту нест,
Рахт барбанд, ки манзилгаҳи аҳрор он ҷост.


1 Бемор.