Хуррам он рӯз, ки чун гул ба чаман боз оӣ

495

Хуррам он рӯз, ки чун гул ба чаман боз оӣ,
Ё ба бустон ба дари ҳуҷраи ман боз оӣ.

Гулбуни айши ман он рӯз шукуфтан гирад,
Ки ту чун сарви хиромон ба чаман боз оӣ.

Шамъи ман, рӯз наёмад, ки шабам бифрӯзӣ?
Ҷони ман, вақт наёмад, ки ба тан боз оӣ?

Оби талх аст мудомам чу суроҳӣ дар ҳалқ,
То ту як рӯз чу соғар ба даҳан боз оӣ.

Кай ба дидори ман, эй меҳргусил, бархезӣ?
Кай ба гуфтори ман, эй аҳдшикан, боз оӣ?

Мурғи сер омадаӣ аз қафаси суҳбату ман
Доми зорӣ биниҳам, бу, ки ба ман боз оӣ.

Ман худ он бахт надорам, ки ба ту пайвандам,
На, ту он лутф надорӣ, ки ба ман боз оӣ.

Саъдӣ он дев набошад, ки ба афсун биравад,
Ҳечат афтад, ки чу мардум ба сухан боз оӣ?