Хусрав он аст, ки дар суҳбати ӯ Ширинест

129

Хусрав он аст, ки дар суҳбати ӯ Ширинест,
Дар биҳишт аст, ки ҳамхобаи ҳурулъинест1.

Давлат он аст, ки имкони фароғат бошад,
Такя бар болиши бедӯст на бас тамкинест.

Ҳама олам санами Чин ба ҳикоят гӯянд,
Санами мост, ки дар ҳар хами зулфаш чинест.

Рӯй агар боз кунад ҳалқаи симин дар гӯш,
Ҳама гӯянд, ки ин моҳею он Парвинест.

Гар манаш дӯст надорам, ҳама кас дорад дӯст,
То чӣ Висест, ки дар ҳар тарафаш Роминест.

Сари мӯе назар, охир, ба карам бо мо кун,
Эй ки дар ҳар буни мӯет дили мискинест.

Ҷуз ба дидори туам дида намебошад боз,
Гӯӣ аз меҳри ту, бо ҳар кӣ ҷаҳонам, кинест.

Ҳар кӣ моҳи Хутану сарви равонат гӯяд,
Ӯ ҳанӯз аз қаду болои ту суратбинест.

Бандаи хештанам хон, ки ба шоҳӣ бирасам,
Магасеро ки ту парвоз диҳӣ, шоҳинест.

Номи Саъдӣ ҳама ҷо рафт ба шоҳидбозӣ,
В-ин на айб аст, ки дар миллати мо таҳсинест.

Кофиру куфру мусулмону намозу ману ишқ,
Ҳар касеро ки ту бинӣ, ба сари худ динест.


1 Зани сияҳчашми биҳиштӣ.