Хушову хуррамо вақти ҳабибон

448

Хушову хуррамо вақти ҳабибон
Ба бӯи субҳу бонгу андалебон!

Хуш он соат, нишинад дӯст бо дӯст,
Ки сокин гардад ошӯби рақибон.

Ду тан дар ҷомае чун писта дар пӯст,
Бароварда ду сар аз як гиребон.

Сазои душманон ин бас, ки бинанд
Ҳабибон рӯй дар рӯи ҳабибон.

Насиб аз умри дунё нақди вақт аст,
Мабош, эй ҳушманд, аз бенасибон.

Чу донӣ, к-аз ту чӯпонӣ наёяд,
Раҳо кун гӯсфандонро ба зибон1.

Ман ин риндону мастон дӯст дорам
Хилофи порсоёну хатибон.

Биҳил, то дар ҳақи ман ҳар чӣ хоҳанд,
Бигӯянд ошноёну ғарибон.

Лаби ширинлабонро хислате ҳаст,
Ки ғорат мекунад ҳуши лабибон2.

Нишастам бо ҷавонмардони авбош,
Бишустам, ҳар чӣ хондам бар адибон.

Кӣ медонад давои дарди Саъдӣ,
Ки ранҷуранд аз ин иллат табибон?!


1 Гургон.
2 Хирадмандон, доноён.