Хушо вақте, ки аз худ раста бошем

Хушо вақте, ки аз худ раста бошем,
Ба вақти бехудон пайваста бошем!

Аз он доме, ки ҷуз мардон наҷастанд,
Ба ҳимматҳои эшон ҷаста бошем.

Кашида рахти худ аз кӯйи ҳастӣ,
Ба кунҷи нестӣ биншаста бошем.

Халилосо ба нерӯи қаноат,
Бутони ҳирсро бишкаста бошем.

Ба банди ишқ муҳкам карда пайванд,
Ҳама пайвандҳо бигсаста бошем.

Чу бар н-ояд умеде аз дари халқ,
Дари уммед бар худ баста бошем.

Ба сар н-ояд ба суръат, Ҷомӣ, ин роҳ,
Биё, то баъд аз ин оҳиста бошем.