Хушо, май аз кафи он моҳи чордаҳсола

Хушо, май аз кафи он моҳи чордаҳсола,
Ки баҳри нуқл диҳад бӯсае зи дунбола.

Расид ғурраи1 шавволу моҳи рӯза гузашт,
Биёр май, ки ҳамин буд тавбаро ҳола.

Пиёла гиру зи олоиши гуноҳ матарс,
Ки бурд тоати якмоҳа ҷурми яксола.

Марост оташи таб бар ҷигар, намедонам
Туро ба гирди лаб аз баҳри чист табхола.

Баҳуш бош, ки роҳи басе муҷаррад зад,
Арӯси даҳр, ки маккора асту муҳтола2.

Ба лофи нохалафони замона ғарра машав,
Марав чу Сомирӣ аз раҳ ба бонги гӯсола.

Чу дил ба ҷилваи шоҳид кашад туро Ҷомӣ,
Макаш малол зи ғанҷу далоли даллола.


1 Ғурра – аввали моҳ.
2 Муҳтола – ҳиллагар.