Хушо Шерозу вазъи бемисолаш

279

Хушо Шерозу вазъи бемисолаш.
Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш!

Зи Рукнободи мо сад лавҳашаллоҳ,
Ки умри Хизр мебахшад зулолаш.

Миёни Ҷаъфарободу Мусалло
Абиромез меояд шамолаш.

Ба Шероз ою файзи рӯҳи қудсӣ
Биҷӯй аз мардуми соҳибкамолаш.

Кӣ номи қанди мисрӣ бурд он ҷо,
Ки ширинон надоданд инфиолаш?

Сабо, з-он лӯлии шангули сармаст
Чӣ дорӣ огаҳӣ, чун аст ҳолаш?

Гар он ширинписар хунам бирезад,
Дило, чун шири модар кун ҳалолаш.

Макун бедор аз ин хобам, Худоро,
Ки дорам хилвате хуш бо хаёлаш.

Чаро, Ҳофиз, чу метарсидӣ аз ҳаҷр,
Накардӣ шукри айёми висолаш?