Хуш кард ёварӣ фалакат рӯзи доварӣ

451

Хуш кард ёварӣ фалакат рӯзи доварӣ.
То шукр чун кунию чӣ шукрона оварӣ?

Он кас, ки уфтод, Худояш гирифт даст,
Гӯ: «Бар ту бод, то ғами уфтодагон х(в)арӣ?»

Дар кӯи ишқ шавкати шоҳӣ намехаранд,
Иқрори бандагӣ куну изҳори чокарӣ.

Соқӣ, ба муждагонии айш аз дарам дарой,
То як дам аз дилам ғами дунё бадар барӣ.

Дар шоҳроҳи ҷоҳу бузургӣ хатар басест,
Он беҳ, к-аз ин гирева сабукбор бигзарӣ.

Султону фикри лашкару савдои тоҷу ганҷ,
Дарвешу амни хотиру кунҷи қаландарӣ.

Як ҳарфи сӯфиёна бигӯям, иҷозат аст?
Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ!

Найли мурод бар ҳасаби фикру ҳиммат аст,
Аз шоҳ назри хайру зи тавфиқ ёварӣ.

Ҳофиз, ғубори фақру қаноъат зи рух машӯй,
К-ин хок беҳтар аз амали кимиёгарӣ.