Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад

162

Хуш омад гул в-аз он хуштар набошад,
Ки дар дастат ба ҷуз соғар набошад.

Замони хушдилӣ дарёбу дур ёб,
Ки доим дар садаф гавҳар набошад.

Ғанимат дону май хур дар гулистон,
Ки гул то ҳафтаи дигар набошад.

Аё пурлаъл карда ҷоми заррин,
Бибахшо бар касе, к-аш зар набошад.

Биё, эй шайху аз хумхонаи мо
Шаробе хур, ки дар Кавсар набошад.

Бишӯй авроқ, агар ҳамдарси моӣ,
Ки илми ишқ дар дафтар набошад.

Зи ман бинюшу дил дар шоҳиде банд,
Ки ҳуснаш бастаи зевар набошад.

Шаробе бехуморам бахш, ё Раб,
Ки бо вай ҳеч дарди сар набошад.

Ман аз ҷон бандаи султон Увайсам,
Агарчи ёдаш аз чокар набошад.

Ба тоҷи оламорояш, ки хуршед
Чунин зебандаи афсар набошад.

Касе гирад хато бар назми Ҳофиз,
Ки ҳечаш лутф дар гавҳар набошад.