Чанд гӯӣ, ки бадандешу ҳасуд

Чанд гӯӣ, ки бадандешу ҳасуд
Айбгӯёни мани мискинанд.

Гаҳ ба хун рехтанам бархезанд,
Гаҳ ба бад хостанам биншинанд.

Нек бошию бадат гӯяд халқ,
Беҳ, ки бад бошию некат бинанд.