Чаро ба саркашӣ аз ман инон бигардонӣ?

619

Чаро ба саркашӣ аз ман инон бигардонӣ?
Макун, ки бехудам андар ҷаҳон бигардонӣ?

Зи дасти ишқи ту як рӯз дин бигардонам,
Чӣ гардад, ар дили номеҳрбон бигардонӣ?

Гар иттифоқ наяфтад қадам, ки ранҷа кунӣ,
Ба зикри мо чӣ шавад, гар забон бигардонӣ?

Гумон мабар, ки бидорем дастат аз фитрок,
Бад-ин қадар, ки ту аз мо инон бигардонӣ.

Вуҷуди ман чу қалам сар ниҳода бар хати туст,
Нагардам, ар ба сарам ҳамчунон бигардонӣ,

Агар қадам зи мани ношикеб вогирӣ,
В-агар назар зи мани нотавон бигардонӣ.

Надонамат, зи куҷо он сипар ба даст ояд,
Ки тири оҳи ман аз осмон бигардонӣ.

Гарам зи пои саломат ба сар дарандозӣ,
В-арам зи дасти маломат ба ҷон бигардонӣ,

Сари иродати Саъдӣ гумон мабар ҳаргиз,
Ки то қиёмат аз ин остон бигардонӣ.