Чашмам хаёли қадди ту ҷуз нахли тар набаст

Чашмам хаёли қадди ту ҷуз нахли тар набаст,
Нахли хаёлро кас аз ин хубтар набаст.

Нагзашт дар ғами ту шабе, к-оташин дилам
Аз дуди оҳ роҳи нафас бар саҳар набаст.

Бардошт васлат аз сари мо соя, ваҳ, ки бахт
Он мурғи ромношударо болу пар набаст.

Дорад ба даври лаъли ту бар сар сабӯи май
Сӯфӣ, ки ҷуз амомаи тақво ба сар набаст.

Лаълат чу дид ашки ман, аз ханда бас накард,
Бар соилон Карим дари лутф барнабаст.

Ҷуз бо ғамат нарафт зи тан ҷони бедилон,
Бе зоди роҳ қофила бори сафар набаст.

Ҷомӣ, ки баста буд камар дар тариқи зуҳд,
То шуд асири ишқи ту, дигар камар набаст.