Чашмат, ки фусуну ранг меборад аз ӯ

34

Чашмат, ки фусуну ранг меборад аз ӯ,
Афсӯс, ки тири ҷанг меборад аз ӯ.
Бас зуд малул гаштӣ аз ҳамнафасон,
Оҳ аз дили ту, ки санг меборад аз ӯ!