Чашмат чу теғи ғамзаи хунхор баргирифт

140

Чашмат чу теғи ғамзаи хунхор баргирифт,
Бо ақлу ҳуши халқ ба пайкор баргирифт.

Ошиқ зи сӯзи дарди ту фарёд дарниҳод,
Муъмин зи дасти ишқи ту зуннор баргирифт.

Ишқат бинои ақл ба куллӣ хароб кард,
Ҷаврат дари умед ба якбор баргирифт.

Шӯре зи васфи рӯи ту дар хонагаҳ фитод,
Сӯфӣ тариқи хонаи хаммор баргирифт.

Бо ҳар кӣ машварат кунам аз ҷаври он санам,
Гӯяд: Бибоядат дил аз ин кор баргирифт.

Дил бартавонам аз сари ҷон баргирифту чашм
Натвонам аз мушоҳидаи ёр баргирифт.

Саъдӣ ба хуфя хуни ҷигар хурд борҳо,
Ин бор парда аз сари асрор баргирифт.