Чашми пурнур, ки масти назари ҷонон аст

119

Чашми пурнур, ки масти назари ҷонон аст,
Моҳ аз ӯ чашм гирифтасту фалак ларзон аст!

Хоса он лаҳза, ки аз ҳазрати Ҳақ нур кашад,
Саҷдагоҳи малаку қиблаи ҳар инсон аст!

Ҳар ки ӯ сар наниҳад бар кафи пояш он дам
Баҳри номуси манӣ, он нафас ӯ шайтон аст!

В-он ки он лаҳза набинад асари нур бар ӯ,
Ӯ кам аз дев бувад, з-он ки тани беҷон аст!

Дил баҷо дор дар он талъати боҳайбати ӯ,
Гар ту мардӣ, ки рухаш қиблагаҳи мардон аст!

Даст бардор зи сина, чӣ нигаҳ медорӣ?!
Ҷон дар он лаҳза бидиҳ шод, ки мақсуд он аст!

Ҷумларо об-дар андозу дар он оташ шав,
К-оташи чиҳраи ӯ чашмагаҳи ҳайвон аст!

Сар баровар зи миёни дили Шамси Табрез,
К-ӯ хидеви абаду хусрави ҳар фармон аст!