Чашми ризову марҳамат бар ҳама боз мекунӣ

622

Чашми ризову марҳамат бар ҳама боз мекунӣ,
Чун ки ба бахти мо расад, ин ҳама ноз мекунӣ.

Эй ки наёзмудаӣ сурати ҳоли бедилон,
Ишқ ҳақиқат аст, агар ҳамли маҷоз мекунӣ.

Эй ки насиҳатам кунӣ, к-аз паи ӯ дигар марав,
Дар назари Сабуктагин айби Аёз мекунӣ.

Пеши намоз бигзарад сарви равону гӯядам:
Қиблаи аҳли дил манам, саҳв намоз мекунӣ!

Дӣ ба умед гуфтамаш: Доъии давлати туам,
Гуфт: Дуо ба худ бихон, гар ба ниёз мекунӣ.

Гуфтам: Агар лабат газам, май хураму шакар мазам,
Гуфт: Хурӣ агар, пазам, қисса дароз мекунӣ.

Саъдии хеш хониям, пас ба ҷафо бирониям,
Суфра агар намениҳӣ, дар ба чӣ боз мекунӣ?!