Чунон ба мӯи ту ошуфтаам, ба бӯи ту маст

40

Чунон ба мӯи ту ошуфтаам, ба бӯи ту маст,
Ки нестам хабар, аз ҳар чӣ дар ду олам ҳаст.

Дигар ба рӯи касам дида бар намебошад,
Халили ман ҳама бутҳои озарӣ1 бишикаст.

Маҷоли хоб намебошадам зи дасти хаёл,
Дари сарой нашояд бар ошноён баст.

Дари қафас талабад, ҳар куҷо гирифторест,
Ман аз каманди ту, то зиндаам, нахоҳам ҷаст.

Ғуломи давлати онам, ки пойбанди якест,
Ба ҷонибе мутааллиқ шуд, аз ҳазор бираст.

Мутеъи амри туам, гар дилам бихоҳӣ сӯхт,
Асири ҳукми туам, гар танам бихоҳӣ хаст.

Намози шоми қиёмат ба ҳуш боз орад,
Касе ки хурда бувад май зи бомдоди аласт2.

Нигоҳи ман ба туву дигарон ба худ машғул,
Муоширон зи маю орифон зи соқӣ маст.

Агар ту, сарви хиромон, зи пой наншинӣ,
Чӣ фитнаҳо, ки бихезад миёни аҳли нишаст.

Бародарону бузургон, насиҳатам макунед,
Ки ихтиёри ман аз даст рафту тир аз шаст.

Ҳазар кунед зи борони дидаи Саъдӣ,
Ки қатра сел шавад, чун ба якдигар пайваст.

Хуш аст номи ту бурдан, вале дареғ бувад,
Дар ин сухан, ки бихоҳанд бурд даст ба даст.


1 Мансуб ба падари ҳазрати Иброҳим – Озар.
2 Паймоне, ки рӯзи нахуст Худованд аз бандагонаш гирифт.