Чун бувад асли гавҳаре қобил

Чун бувад асли гавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ӯ асар бошад.

Ҳеч сайқал накӯ наёрад кард
Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.

Саг ба дарёи ҳафтгона машӯй,
Ки чу тар шуд, палидтар бошад.

Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.