Чун нест бахти он, ки ман як дам шавам ҳамрози ту

Чун нест бахти он, ки ман як дам шавам ҳамрози ту,
Бо дигарон мекун сухан, то бишнавам овози ту.

Чашмат чу хасми ҷон шавад, лабро бигӯ хандон шавад,
То тарки ҷон осон шавад бар ошиқи ҷонбози ту.

Хоҳам зи ту гӯям ҳаме, лекин надорам маҳраме,
Ку бахти муқбил, то даме созад маро ҳамрози ту?

Нозе бикун, ай ғамзазан, гарчи равад ҷонам зи тан,
Ҷони ману сад ҳамчу ман бодо фидои нози ту!

Ту тоири қудсию кас бар ту надорад дастрас,
Густурда мо доми ҳавас, к-ин сӯ фитад парвози ту.

Сад дил шикори худ кунад, сад рахна дар ҷон афганад,
Аз ғамза чун новак занад чашми шикорандози ту.

Чун парда бикшоӣ зи рӯ, Ҷомӣ фитад дар гуфтугӯ,
Ту гулшани ҳусниву ӯ мурғи суханпардози ту.