Чун танг набошад дили мискини ҳамоме

599

Чун танг набошад дили мискини ҳамоме1,
К-иш ёри ҳамовоз бигиранд ба доме?

Дишаб ҳама шаб даст дар оғӯши саломат,
В-имрӯз ҳама рӯз таманнои саломе.

Он буд гулу сунбулу нолидани булбул,
Хуш буд, дареғо, ки накарданд давоме.

Аз ман маталаб сабри ҷудоӣ, ки надорам,
Сангест фироқу дили меҳнатзада ҷоме.

Дар ҳеч муқомаш дили мискин нанишинад,
Хӯкардаи суҳбат, ки барафтад зи мақоме.

Бе дӯст ҳаром аст ҷаҳон дидани муштоқ,
Қандил2 бикуш, то бинишинам ба заломе3.

Чандон бинишинам, ки барояд нафаси субҳ,
К-он вақт ба дил мерасад аз дӯст паёме.

Он ҷо ки туӣ, рафтани мо суд надорад,
Илло ба карам пеш ниҳад лутфи ту гоме.

З-он айн4 ки дидӣ, асаре беш намондаст,
Ҷоне ба даҳан омада дар ҳасрати коме.

Саъдӣ сухани ёр нагӯяд бари ағёр,
Ҳаргиз набарад сӯхтае қисса ба хоме.


1 Кабӯтар.
2 Чароғ, шамъдон.
3 Торикӣ.
4 Шахс, зоти ҳар чиз.