Чун хароботӣ набошад зоҳиде

532

Чун хароботӣ набошад зоҳиде,
К-иш ба шаб аз дар дарояд шоҳиде?

Муҳтасиб ку, то бибинад рӯи дӯст
Ҳамчу меҳробею ман чун обиде.

Чун ман оби зиндагонӣ ёфтам,
Ғам набошад, гар бимирад ҳосиде.

Ончи моро дар дил аст аз сӯзи ишқ,
Менашояд гуфт бо ҳар бориде1.

Дӯстон гиранду дилдорон, валек
Меҳрбон бошанд, илло воҳиде.

Аз ту рӯҳонитарам дар пеши дил,
Нагзарад шабҳои хилват вориде.

Гар диле дорию дилбандет нест,
Пас, чӣ фарқ аз нотиқе то ҷомиде?

Гар ба хидмат қоиме хоҳӣ, манам,
В-ар намехоҳӣ ба ҳасрат қоиде.

Саъдиё, гар рӯзгорат мекушад,
Гӯ, бикуш бар дасти симинсоъиде.


1 Сард, дили бебаҳра аз ишқ.