Чун хиромон қаддат, ай сарви дилоро, бингарам

Чун хиромон қаддат, ай сарви дилоро, бингарам,
Сад саре бинам ба роҳ афтода, ҳар ҷо бингарам.

Сӯхтам аз шавқ, сар чанд аз ҳаё пеш афганӣ,
Сар ба боло кун, ки сер он рӯйи зебо бингарам.

То на сад тан саф кашанд аз ошиқон, макшо ниқоб,
Ман киям, то рӯйи ту хоҳам, ки танҳо бингарам?

Рафтию гуфтӣ, ки фардо диданам маълум нест,
Вонигар, баҳри Худо, то бахши фардо бингарам.

Чун ту пеш ойӣ, шавам ҳайрон миёни маргу зист,
К-ат бад-ин шакли кушанда нангарам ё бингарам.

Аз ҳуҷуми соҷидон ҳаргиз нашуд фурсат маро,
То ба хоки раҳнишинон з-он кафи по бингарам.

Чун дили Ҷомӣ набинам ҳеҷ дил шайдои ту,
Гарчи ҳоли як ба як дилҳои шайдо бингарам.