Чун ҳама ёрони мо рафтанду танҳо мондем

582

Чун ҳама ёрони мо рафтанду танҳо мондем,
Ёри танҳомондагонро дам ба дам мехондем!

Ҷумла ёрон чун хаёл аз пеши мо бархостанд,
Мо хаёли ёри худро пеши худ биншондем!

Соъате аз ҷӯйи миҳраш об бар дил мезадем,
Соъате зери дарахташ мева меафшондем!

Соъате мекард бар мо шаккару гавҳар нисор,
Соъате аз шаккари ӯ мо магас мерондем!

Чун хаёли ӯ даромад, бар дараш дарбон шудем,
Чун хаёли ӯ бурун шуд, мо дар ин дармондем!