Чу абри зулфи ту перомани қамар мегашт

132

Чу абри зулфи ту перомани қамар мегашт,
Зи абри дида канорам ба ашк тар мегашт.

Зи шӯри ишқи ту дар коми ҷони хастаи ман
Ҷавоби талхи ту ширинтар аз шакар мегашт.

Хаи изори1 ту бар хоки тира меафтод,
Вуҷуди мурда аз он об ҷонвар2 мегашт.

Агар маро ба зару сим дастрас будӣ,
Зи сими синаи ту кори ман чу зар мегашт.

Дил аз даричаи фикрат ба нафси нотиқа дод
Нишони ҳолати зорам, ки зортар мегашт.

Зи шавқи рӯи ту андар сари қалам савдо
Фитоду чун мани савдозада ба сар мегашт.

Зи хотирам ғазале сӯзнок рӯй намуд,
Ки дар димоғи фароғи3 ман ин қадар мегашт.


1 Арақи рухсор.
2 Зинда, ҷонитозаёфта.
3 Мағзи роҳат ва фориғ аз ғам.