Чу баршикаст сабо зулфи анбарафшонаш

280

Чу баршикаст сабо зулфи анбарафшонаш,
Ба ҳар шикаста, ки пайваст, тоза шуд ҷонаш.

Куҷост ҳамнафасе, то ба шарҳ арза диҳам,
Ки дил чӣ мекашад аз рӯзгори ҳиҷронаш.

Замона аз варақи гул мисоли рӯйи ту баст,
Вале зи шарми ту дар ғунча кард пинҳонаш.

Ту хастаию нашуд ишқро карона падид,
Таборакаллаҳ, аз ин раҳ, ки нест поёнаш.

Ҷамоли Каъба магар узри раҳравон хоҳад,
Ки ҷони зиндадилон сӯхт дар биёбонаш.

Бад-ин шикастаи байтулҳазан кӣ меорад
Нишони Юсуфи дил аз чаҳи занахдонаш?!

Бигирам он сари зулфу ба дасти хоҷа диҳам,
Ки сӯхт Ҳофизи бедил зи макру дастонаш.