Чу кардӣ бо кулӯхандоз пайкор

Чу кардӣ бо кулӯхандоз пайкор,
Сари худро ба нодонӣ шикастӣ.
Чу тир андохтӣ дар рӯи душман,
Ҳазар кун, к-андар омоҷаш нишастӣ.