Чу маҳмил баста бар азми сафар ҷонон бурун ояд

Чу маҳмил баста бар азми сафар ҷонон бурун ояд,
Ба ҳамроҳии ӯ сад корвони ҷон бурун ояд.

Надорад ҳеҷ кас тоби видои ӯ, бигӯедаш,
Ки бар бечорагон раҳме кунад, пинҳон бурун ояд.

Мабанд он моҳ, гӯ, маҳмил, ки мегирянд сад бедил,
Нашояд корвонеро, ки дар борон бурун ояд.

Чу гирям бар гирифтории дил, сели бало гардад,
Маро ҳар қатра хун, к-аз дидаи гирён бурун ояд.

Зи сина бо хаёлаш рафт ҷон, оре, гаҳи рафтан
Хуш аст аз соҳиби хона, ки бо меҳмон бурун ояд.

Мани бедил чу аз шавқи хати рухсори ӯ мирам,
Зи хокам ҷойи сабза лолаву райҳон бурун бурун ояд.

Надонад ҷуз фиғон Ҷомӣ, забонаш чун ҷарас, гӯйӣ,
Барои он бувад, к-аз вай ҳамин афғон бурун ояд.