Чу омад рӯйи маҳрӯям, кӣ бошам ман, кӣ ман бошам?!

503

Чу омад рӯйи маҳрӯям, кӣ бошам ман, кӣ ман бошам?!
Чу ҳар хоре аз ӯ гул шуд, чаро ман ёсаман бошам?!

Чу ҳар санге асал гардад, чаро муме кунад мумӣ?!
Ҳама аҷсом чун ҷон шуд, чаро истезатан бошам?!

Яқин, ҳар чашма ҷӯ гардад, чу он оби равон омад,
Чу дар ҷилва-ст ҳусни ӯ, чи банди булҳасан бошам?!

Агарчи дар лаган будам мисоли шамъ то акнун,
Чу шамъам ҷумла гашт оташ, чаро андар лаган бошам?!

Чу аз наҳси Зуҳал растам, чи зери осмон бошам?!
Чу миҳнат чумла давлат гашт, аз чи мумтаҳан бошам?!

Ҳасад бар ман ҳасад дорад, маро бар кӣ ҳасад бошад?!
Зи ҷӯйи хамр чун мастам, чаро ташнай лабан бошам?!