Чу турки дилбари ман шоҳиде ба шангӣ нест

128

Чу турки дилбари ман шоҳиде ба шангӣ1 нест,
Чу зулфи пуршиканаш ҳалқаи фарангӣ2 нест.

Даҳонаш арчи набинӣ, магар ба вақти сухан,
Чу нек дарнигарӣ, чун дилам ба тангӣ нест.

Ба теғи ғамзаи хунхор лашкаре бизанӣ,
Бизан, ки бо ту дар ӯ ҳеч марди ҷангӣ нест.

Қавӣ ба чанги ман афтода буд домани васл,
Вале дареғ, ки давлат ба тезчангӣ нест.

Дувум ба лутф надорад, аҷаб, ки чун Саъдӣ
Ғуломи Саъди Абӯбакри Саъди Зангӣ нест.


1 Шӯху ширинҳаракот.
2 Зиреҳи сохтаи Фаранг.