Чу ёр зулфи муанбар набандаду накушояд

Чу ёр зулфи муанбар набандаду накушояд,
Ниқоби шаб зи маҳу х(в)ар набандаду накушояд.

Чӣ тоб симбарамро, рав, ай сабову бигӯяш,
Ки дам ба дам камари зар набандаду накушояд.

Хиҷил зи атрфурӯшам, ба зулфи вай он беҳ,
Ки дурҷи1 ғолияро сар набандаду накушояд.

Чу ҷавҳарӣ сухану хомушӣ-ш ҳар ду бибинад,
Даҳони ҳуққаи гавҳар набандаду накушояд.

Зи чашми хеш набинам хавоси абри баҳорон,
Зи гиря то мижаи тар набандаду накушояд.

Агар кабӯтари Каъба кунад тавоф ба кӯяш,
Ба базми Каъба дигар пар набандаду накушояд.

Қадам зи кулбаи Ҷомӣ кашидаанд ҳарифон,
Ба ғайри бод бар ӯ дар набандаду накушояд.


1 Дурҷ – сандуқчае,ки дар он ҷавоҳирот ва зару зеварро нигаҳ доранд.