Чӣ боз дар дилат омад, ки меҳр баркандӣ?

537

Чӣ боз дар дилат омад, ки меҳр баркандӣ?
Чӣ шуд, ки ёри қадим аз назар бияфкандӣ?

Зи ҳад гузашт ҷудоӣ миёни мо, эй дӯст,
Ҳанӯз вақт наёмад, ки боз пайвандӣ?

Бувад, ки пеши ту мирам, агар маҷол бувад,
В-агарна, бар сари кӯят ба орзумандӣ.

Даре ба рӯи ман, эй ёри меҳрбон, бикшой,
Ки ҳеч кас накушояд, агар ту дарбандӣ.

Маро, в-агар ҳама офоқ хубрӯёнанд,
Ба ҳеч рӯй намебошад аз ту хурсандӣ.

Ҳазор бор бигуфтам, ки чашм накшоям
Ба рӯи хуб, валекин ту чашм мебандӣ.

Магар дар оина бинӣ, в-агарна, дар офоқ
Ба ҳеч халқ, напиндорамат, ки монандӣ.

Ҳадиси Саъдӣ агар коинот бипсанданд,
Ба ҳеч кор наёяд, гараш ту напсандӣ.

Маро чӣ бандагӣ аз дасту пой бархезад?
Магар умед ба бахшоиши Худовандӣ.