Чӣ дилҳо бурдӣ, эй соқӣ, ба соқи фитнаангезат

38

Чӣ дилҳо бурдӣ, эй соқӣ, ба соқи фитнаангезат,
Дареғо бӯса чанде бар занахдони1 диловезат.

Хаданги ғамза аз ҳар сӯ ниҳон андохтан то кай?
Сипар андохт ақл аз дасти новакҳои хунрезат.

Баромезию бигрезию бинмоию бирбоӣ,
Фиғон аз қаҳри лутфандуду заҳри шаккаромезат!

Лаби ширинат ар Ширин бидидӣ дар сухан гуфтан,
Бар ӯ шукрона будӣ, гар бидодӣ мулки Парвизат.

Ҷаҳон аз фитнаву ошӯб якчанде баросудӣ,
Агар на рӯи шаҳрошӯбу чашми фитнаангезат.

Дигар рағбат куҷо монад касеро сӯи ҳушёрӣ,
Чу бинад даст дар оғӯши мастони саҳархезат?!

Дамодам даркаш, эй Саъдӣ, шароби сирфу дам даркаш,
Ки бо мастони маҷлис дарнагирад зуҳду парҳезат.


1 Чона, зери манаҳ.