Чӣ кунад банда, ки гардан наниҳад фармонро?

17

Чӣ кунад банда, ки гардан наниҳад фармонро?
Чӣ кунад гӯй, ки оҷиз нашавад чавгонро?

Сарвболои камонабрӯ агар тир занад,
Ошиқ он аст, ки бар дида ниҳад пайконро.

Дасти ман гир, ки бечорагӣ аз ҳад бигузашт,
Сари ман дор, ки дар пои ту резам ҷонро.

Кошкӣ парда барафтодӣ аз он манзари ҳусн,
То ҳама халқ бибинанд нигористонро.

Ҳамаро дида дар авсофи ту ҳайрон мондӣ,
То дигар айб нагӯянд мани ҳайронро.

Лекин он нақш, ки дар рӯи ту ман мебинам,
Ҳамаро дида набошад, ки бибинад онро.

Чашми гирёни маро ҳол бигуфтам ба табиб,
Гуфт: Як бор бибӯс он даҳани хандонро.

Гуфтам: Оё ки дар ин дард бихоҳам мурдан,
Ки муҳол аст, ки ҳосил кунам ин дармонро.

Панҷа бо соъиди симин на ба ақл афкандам,
Ғояти ҷаҳл бувад мушт задан сандонро.

Саъдӣ аз сарзаниши халқ натарсад, ҳайҳот,
Ғарқа дар Нил чӣ андеша кунад боронро?

Сар бинеҳ, гар сари майдони иродат дорӣ,
Ногузир аст, ки гӯе бувад ин майдонро.