Чӣ рӯю мӯю буногӯшу хатту хол аст ин?

477

Чӣ рӯю мӯю буногӯшу хатту хол аст ин?
Чӣ қадду қомату рафтору эътидол аст ин?

Касе, ки дар ҳама умр ин сифат мутолиа кард,
Ба дигаре нигарад ё ба худ, муҳол аст ин.

Камоли ҳусни вуҷудат зи ҳар кӣ пурсидам,
Ҷавоб дод, ки дар ғояти камол аст ин.

Намози шом ба бом ар касе нигоҳ кунад
Дар абрувони ту, гӯяд, магар ҳилол аст ин?

Лабат ба хуни азизон ки мехурӣ, лаъл аст,
Ту худ бигӯй, ки хун мехурӣ, ҳалол аст ин?

Чунон ба ёди ту шодам, ки фарқ менакунам,
Зи дӯстӣ, ки фироқ аст ё висол аст ин.

Шабе хаёли ту, гуфтам, ки бинам андар хоб,
Вале зи фикри ту хоб оядам? Хаёл аст ин.

Дарознои шаб аз чашми дардмандон пурс,
Азизи ман, ки шабе ё ҳазор сол аст ин?

Қалам ба ёди ту дур мечаконад аз дастам,
Мидод1 нест, к-аз ӯ меравад, зулол аст ин.

Касон ба ҳоли парешони Саъдӣ аз ғами ишқ
Занах зананду надонанд, то чӣ ҳол аст ин.


1 Дуда, мураккаб, сиёҳии давот.