Чӣ сарв аст он, ки боло менамояд

274

Чӣ сарв аст он, ки боло менамояд,
Инон аз дасти дилҳо мерабояд.

Кӣ зод ин сурати манзури маҳбуб?
Аз ин сурат, надонам, то чӣ зояд.

Агар сад навбаташ чун қурси хуршед
Бибинам, об дар чашми ман ояд.

Кас андар аҳди мо монанди вай нест,
Вале, тарсам, ба аҳди мо напояд.

Фароғат з-он тараф чандон ки хоҳӣ,
В-аз ин ҷониб муҳаббат мефазояд.

Ҳадиси ишқи ҷонон гуфтанӣ нест,
В-агар гӯӣ, касе ҳамдард бояд.

Дарозии шаб аз нохуфтагон пурс,
Ки хоболударо кӯтаҳ намояд.

Маро пои гурез аз дасти ӯ нест,
Агар мебандадам, в-ар мекушояд.

Раҳо кун, то бияфтад нотавоне,
Ки бо сарпанҷагон зӯр озмояд.

Нашояд хуни Саъдӣ бесабаб рехт,
Валекин, чун муроди ӯст, шояд.