Чӣ солҳои фаровону умрҳои дароз

Чӣ солҳои фаровону умрҳои дароз,
Ки халқ бар сари мо бар замин бихоҳад рафт.
Чунон ки даст ба даст омадаст мулк ба мо,
Ба дастҳои дигар ҳамчунин бихоҳад рафт.