Чӣ фитна буд, ки ҳусни ту дар ҷаҳон андохт

31

Чӣ фитна буд, ки ҳусни ту дар ҷаҳон андохт,
Ки як дам аз ту назар барнаметавон андохт?!

Балои ғамзаи номеҳрбони хунхорат
Чӣ хун, ки дар дили ёрони меҳрбон андохт?

Зи ақлу офият он рӯз бар карон мондам,
Ки рӯзгор ҳадиси ту дар миён андохт.

На боғ монду на бустон, ки сарви қомати ту
Бирусту валвала дар боғу бӯстон андохт.

Ту дӯстӣ куну аз дида мафканам зинҳор,
Ки душманам зи барои ту дар забон андохт.

Ба чашмҳои ту, к-он чашм, к-аз ту баргирам,
Дареғ бошад бар моҳи осмон андохт.

Ҳамин ҳикоят рӯзе ба дӯстон бирасад,
Ки Саъдӣ аз паи ҷонон бирафту ҷон андохт.