Чӣ хуш аст бӯи ишқ аз нафаси ниёзмандон

449

Чӣ хуш аст бӯи ишқ аз нафаси ниёзмандон,
Дил аз интизор хунин, даҳан аз умед хандон.

Магар он ки ҳар ду чашмаш ҳама умр баста бошад,
Ба вараъ халос ёбад зи фиреби чашмбандон.

Назаре мубоҳ карданду ҳазор хун муаттал,
Дили орифон бибурданду қарори ҳушмандон.

Сари кӯи моҳрӯён ҳама рӯз фитна бошад
Зи муарбидону1 мастону муоширону риндон.

Агар аз каманди ишқат биравам, куҷо гурезам,
Ки халос бе ту банд асту ҳаёт бе ту зиндон?!

Агарам намеписандӣ мадиҳам ба дасти душман,
Ки ман аз ту барнагардам ба ҷафои нописандон.

Нафасе биёву биншин, сухане бигӯю бишнав,
Ки қиёмат аст чандон сухан аз даҳони хандон.

Агар ин шакар бибинанд муҳаддисони ширин,
Ҳама дастҳо бихоянд чу найшакар ба дандон.

Ҳама шоҳидони олам ба ту ошиқанд, Саъдӣ,
Ки миёни гург сулҳ асту миёни гӯсфандон.


1 Арбадаҷӯ.