Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш

Чӣ хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,
Чу дидаш палангафкану пилтан:

Гар аз аҳди хурдит ёд омадӣ,
Ки бечора будӣ дар оғуши ман?

Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пирзан.