Чӣ ҷурм рафт, ки бо мо сухан намегӯӣ?

511

Чӣ ҷурм рафт, ки бо мо сухан намегӯӣ?
Ҷиноят аз тарафи мост ё ту бадхӯӣ?

Ту аз набот гарав бурдаӣ ба ширинӣ,
Ба иттифоқ валекин наботи худрӯӣ.

Ҳазор ҷон ба иродат туро ҳамеҷӯянд,
Ту, сангдил, ба латофат диле намеҷӯӣ.

Валек бо ҳама айб аз ту сабр натвон кард,
Биё, в-агар ҳама бад кардаӣ, ки некӯӣ.

Ту бад магӯй, в-агар низ хотират бошад,
Бигӯй аз он лаби ширин, ки нек мегӯӣ.

Гулам набояду сарвам ба чашм дарн-ояд,
Маро висоли ту бояд, ки сарви гулбӯӣ.

Ҳазор ҷома сипар сохтему ҳам бигузашт
Хаданги ғамзаи хубон зи далқи нуҳтӯӣ.

Ба дасти ҷаҳд нашояд гирифт домани ком,
Агар нахоҳадат, эй нафс, хира мепӯӣ.

Дуруст шуд, ки ба як дил ду дӯст натвон дошт,
Ба тарки хеш бигӯй, эй ки толиби ӯӣ.

Ҳамин ки пой ниҳодӣ бар остонаи ишқ,
Ба даст бош, ки даст аз ҷаҳон фурӯ шӯӣ.

Дарознои шаб аз чашми дардмандон пурс,
Ту қадри об чӣ донӣ, ки бар лаби ҷӯӣ?

Зи хоки Саъдии бечора бӯи ишқ ояд,
Ҳазор сол пас аз маргаш ар биянбӯӣ.