Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абру дар хаёл омад

Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абру дар хаёл омад,
Ба сина ҳар куҷо нохун задам, шакли ҳилол омад.

Пас аз марг, ай ҳумоюнзоғ, афган устухонамро,
Дар он саҳро, ки рӯзе бӯйи он мушкинғизол омад.

Равам дар сояи девори он хуршедрӯ мирам,
Чу хоҳад офтоби умрро рӯзе завол омад.

Нишони наълҳои маркабаш ҷӯяд сиришки ман,
Бале, соил ҳамеша моили саффи ниол омад.

Наёяд ҷуз ба хуноби ҷигар дар бар хаданги ӯ,
Ки боғи синаву бустони ҷонро чун ниҳол омад.

Зи ҳашмат шояд ар пояш намонад бар замин з-он сон,
Ки сарҳои азизон дар раҳи ӯ поймол омад.

Ба васфи он даҳони танг гуфт аксар сухан Ҷомӣ,
Аз он рӯ ошиқони тангдилро ҳасби ҳол омад.