Шабам зи мурғи чаман ин наво ба гӯш омад

Шабам зи мурғи чаман ин наво ба гӯш омад,
Ки вақти ишрати риндони боданӯш омад.

Ниҳод бар лаби ту ҷоми арғавонии лаб,
Зи рашк хуни дили арғавон ба ҷӯш омад.

Ҷазои беамал аз шайхи худфурӯш маҷӯй,
Ки ин муомила аз пири майфурӯш омад.

Мабош беҳуда мункир хурӯши сӯфиро,
Ки дар хурӯш ба фармудаи сурӯш омад.

Ба айш дӯш задам бо ту бода дӯш ба дӯш,
Чӣ завқҳо, ки ба ҷонам зи айши дӯш омад.

Ба абри бесару по кун ҳавола хилъати ишқ,
Ки ин либос на бар қадди хирқапӯш омад.

Ту навшукуфтагулӣ, андалеби ту, Ҷомӣ,
Чаро зи нағмаи шавқат чунин хамӯш омад!