Шаби васл асту тай шуд номаи ҳаҷр

251

Шаби васл асту тай шуд номаи ҳаҷр,
Саломун фиҳи ҳатто матлаъилфаҷр.

Дило, дар ошиқӣ собитқадам бош,
Ки дар ин раҳ набошад кори беаҷр.

Ман аз риндӣ нахоҳам кард тавба,
Ва лав озайтанӣ билҳаҷри валҳаҷр.

Барой, эй субҳи равшандил, Худоро,
Ки бас торик мебинам шаби ҳаҷр.

Дилам рафту надидам рӯйи дилдор,
Фиғон аз ин татовул, оҳ аз ин заҷр!

Вафо хоҳӣ, ҷафокаш бош, Ҳофиз,
Фаинна-р-рибҳа ва-л-хусрона фи-т-таҷр.