Шаби фироқ нахоҳам давоҷи деборо

5

Шаби фироқ нахоҳам давоҷи деборо1,
Ки шаб дароз бувад хобгоҳи танҳоро.

Зи даст рафтани девона оқилон донанд,
Ки эҳтимол намондаст ношикеборо.

Гараш бибинию даст аз турунҷ бишносӣ,
Раво бувад, ки маломат кунӣ Зулайхоро.

Чунин ҷавон ки туӣ, бурқаъе2 фурӯ овез,
В-агарна, дил биравад пири пойбарҷоро.

Ту он дарахти гулӣ, к-эътидоли қомати ту
Бибурд қомати сарви баландболоро.

Дигар ба ҳар чӣ ту гӯӣ, мухолифат накунам,
Ки бе ту айш муяссар намешавад моро.

Ду чашми бозниҳода нишастаам ҳама шаб
Чу фарқадайну3 нигаҳ мекунам Сурайёро.

Шабею шамъею ҷамъе чӣ хуш бувад то рӯз
Назар ба рӯи ту кӯрии чашми аъдоро.

Ман аз ту пеши кӣ нолам, ки дар шариати ишқ
Муъофи дӯст бидоранд қатли амдоро.

Ту ҳамчунон дили шаҳре ба ғамзае бибарӣ,
Ки бандагони Банӣ Саъд хони яғморо.

Дар ин равиш ки туӣ, бар ҳазор чун Саъдӣ
Ҷафову ҷавр тавонӣ, вале макун, ёро!


1 Рӯандози ҳарир.
2 Ниқоб, рӯбанд.
3 Ду ситораи наздик ба ҳам дар қутби шимол.