Шаб асту шоҳиду шамъу шаробу ширинӣ

625

Шаб асту шоҳиду шамъу шаробу ширинӣ,
Ғанимат аст чунин шаб, ки дӯстон бинӣ.

Ба шарти он, ки манат бандавор дар хидмат
Биистам, ту худовандвор биншинӣ.

Миёни мову шумо аҳд дар азал рафтаст,
Ҳазор сол барояд, ҳамон нахустинӣ.

Чу сабрам аз ту муяссар намешавад, чӣ кунам,
Ба хашм рафтаму боз омадам ба мискинӣ.

Ба ҳукми он ки маро ҳеч дӯст чун ту ба даст
Наёяду ту беҳ аз ман ҳазор бигзинӣ.

Ба рангу бӯи баҳор, эй фақир, қонеъ бош,
Чу боғбон нагузорад, ки себу гул чинӣ.

Тафовуте накунад, гар туруш кунӣ абрӯ,
Ҳазор талх бигӯӣ, ҳанӯз ширинӣ.

Лигом бар сари шерон кунад салобати ишқ,
Чунон кашад, ки шутурро миҳор дар бинӣ.

Зи некбахтӣ Саъдист пойбанди ғамат,
Зиҳӣ кабӯтари муқбил, ки сайди шоҳинӣ.

Маро шикеб намебошад, эй мусулмонон,
Зи рӯи хуб, лакум динукум ва лӣ динӣ.